Чин аз соли 2007 то аввали 2025, ба иқтисоди Тоҷикистон 5,1 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст. Ин оморро Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлати сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон 30-юми июн дар ҷаласаи порлумон эълон кард.
Фарҳод Неъматов, як паноҳҷӯи тоҷик, ки ахиран аз Шветсия ихроҷ шуда буд, бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнуъи “Ҳизби таҳрир” ба 8 сол зиндон маҳкум шудааст. Ҳукми Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд охири моҳи май баромадааст.
Вазорати корҳои дохилии Литва қарор кард, марказе, ки дар Тоҷикистон барои хоҳишмандони кор дар ин кишвар иқомати муваққатии зист медиҳад, тирамоҳи имсол баста шавад.
Ёфтҳои бештар